ЛИТСЕЮ ГИМНАЗИЯҲОИ РОЙГОН БАРОИ БАЧАҲОИ БОЛАЁҚАТ

Август 5, 2010 11:45

Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар соли таҳсили 2010-2011 дар шаҳри Душанбе ду гимназия ва ду литсей барои бачаҳои болаёқати пойтахт ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Тибқи иттилои сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов  гимназияҳои рақамҳои 1 ва 2 ва литсейҳои №1 ва 2  бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт ба истифода дода шудаанд. Дар онҳо  1700 кӯдаки болаёқат дар низоми таҳсили 11-сола ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар гимназия ва литсейҳои номбурда таҳсил ройгон буда, бачаҳо аз машғулияту фанҳое, ки дар боғча омӯхтаанд, санҷиш месупоранд, инчунин аз ташхиси тиббӣ ва равонӣ гузаронида мешаванд. Литсею гимназияҳо дорои тамоми шароити таҳсил буда, бо толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, тахтасинфҳои электронӣ, компютер, шабакаи интернет муҷаҳҳаз гардидаанд. Ҳамзамон, дар литсею гимназияҳои мазкур бачаҳо бо хӯроки гарми  ройгон таъмин карда мешаванд. Ба толибилмон беҳтарин омӯзгорони маҳаллӣ, ки тариқи озмун ба кор қабул карда шудаанд, аз фанҳои гуногун ва забонҳои тоҷикию русӣ ва англисию чиноӣ дарс мегӯянд. Шамсулло Исломов афзуд, ки алҳол аз ҷониби волидайн баҳри қабули фарзандонашон ба гимназияю литсейҳои номбаршуда 4 ҳазор ариза пешниҳод шудааст. Таълимгоҳҳои мазкур дар тавозуни шаҳрдории Душанбе буда, ба фаъолият шурӯъ кардани онҳо дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ аз ғамхории Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳаи маориф дар кишвар башорат медиҳад.

Август 5, 2010 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд