ЛИТСЕЮ ГИМНАЗИЯҲОИ РОЙГОН БАРОИ БАЧАҲОИ БОЛАЁҚАТ
Душанбе, 5 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар соли таҳсили 2010-2011 дар шаҳри Душанбе ду гимназия ва ду литсей барои бачаҳои болаёқати пойтахт ба фаъолият шурӯъ менамоянд. Тибқи иттилои сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов гимназияҳои рақамҳои 1 ва 2 ва литсейҳои №1 ва 2 бо Қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва Шоҳмансури пойтахт ба истифода дода шудаанд. Дар онҳо 1700 кӯдаки болаёқат дар низоми таҳсили 11-сола ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Дар гимназия ва литсейҳои номбурда таҳсил ройгон буда, бачаҳо аз машғулияту фанҳое, ки дар боғча омӯхтаанд, санҷиш месупоранд, инчунин аз ташхиси тиббӣ ва равонӣ гузаронида мешаванд. Литсею гимназияҳо дорои тамоми шароити таҳсил буда, бо толорҳои варзишӣ, синфхонаҳои фаннӣ, тахтасинфҳои электронӣ, компютер, шабакаи интернет муҷаҳҳаз гардидаанд. Ҳамзамон, дар литсею гимназияҳои мазкур бачаҳо бо хӯроки гарми ройгон таъмин карда мешаванд. Ба толибилмон беҳтарин омӯзгорони маҳаллӣ, ки тариқи озмун ба кор қабул карда шудаанд, аз фанҳои гуногун ва забонҳои тоҷикию русӣ ва англисию чиноӣ дарс мегӯянд. Шамсулло Исломов афзуд, ки алҳол аз ҷониби волидайн баҳри қабули фарзандонашон ба гимназияю литсейҳои номбаршуда 4 ҳазор ариза пешниҳод шудааст. Таълимгоҳҳои мазкур дар тавозуни шаҳрдории Душанбе буда, ба фаъолият шурӯъ кардани онҳо дар Соли маориф ва фарҳанги техникӣ аз ғамхории Ҳукумати мамлакат ва рушди соҳаи маориф дар кишвар башорат медиҳад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






