МАҲДУДИЯТИ НЕРӮИ БАРҚ ДАР ВМКБ
Душанбе, 25 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – Дар Нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» корҳои таъмиру барқарорсозии нақшавӣ оғоз гардид, ки дар робита ба ин интиқоли нерӯи барқ ба аҳолии навоҳии ВМКБ маҳдуд мегардад. Дар ин бора аз ШКСХ «Барқи тоҷик» ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд. «Айни замон дар НБО –и «Помир-1» барои як давраи муайян корҳои тармимии иншооти гидротехникӣ гузаронида мешавад. Тоза кардани хавзҳои шабонарӯзӣ ва обгузаронӣ тариқи нақб дар нерӯгоҳ пайваста сурат мегирад. Ин корҳо бо мақсади пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи қатъи нерӯи барқ барои давраи тирамоҳу зимистон гузаронида мешавад» — иттилоъ дод манбаъ. Нерӯи барқро Ширкат аз НБО «Хорӯғ», ки иқтидораш 9 ҳазор кВт аст, гирифта, дар як шабонарӯз 18 соат сокинонро бо барқ таъмин менамояд. Қатъи барқи сокинон аз рӯи ҷадвал 3 соат субҳ ва се соат шом сурат мегирад. Корҳои тармиму барқарорсозӣ дар нерӯгоҳ то 30 август идома ёфта, баъди таъмир гардидан НБО-и «Помир-1» чун пештара ба фаъолият шурӯъ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






