МАКОНИ КАСБОМӮЗӢ ДАР КӮҲИСТОН

Август 13, 2010 14:19

Шуғнон, 13  август. ( АМИТ «Ховар», Л Додо).-Литсеи касбӣ- техникии  ҷамоати  Навободи ноҳияи  Шуғнон дар  Бадахшон ягона  литсей аст, ки  барои соҳаҳои гуногуни  хоҷагии халқи вилоят  ҳар сол мутахассисони  зиёд  омода менамояд. Тавре директори литсей Саидқадам Саидҳазалов иттилоъ дод, ҳамасола дар ин муассиса  320 нафар ҷавонписарону духтарон  таҳсил менамоянд. Шогирдони литсей  бо хобгоҳ, ҳаммом, ошхона, толори варзишӣ,  хонаҳои истироҳату дамгирӣ таъминанд. Онҳо дар ин ҷо  ихтисосҳои  кафшергарӣ, устои  барқ, муҳосиб, дӯзанда, челонгар,устои  таъмири  воситаҳои нақлиёт, харрот ва ғайраро меомӯзанд. Аксарияти онҳо ҳоло  дар  ташкилотҳои сохтмонӣ,  роҳу алоқа  ва гурӯҳи дигар   мувофиқ ба  ихтисосашон берун аз мамлакат   фаъолият доранд.  

Август 13, 2010 14:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд