МАКОНИ КАСБОМӮЗӢ ДАР КӮҲИСТОН
Шуғнон, 13 август. ( АМИТ «Ховар», Л Додо).-Литсеи касбӣ- техникии ҷамоати Навободи ноҳияи Шуғнон дар Бадахшон ягона литсей аст, ки барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят ҳар сол мутахассисони зиёд омода менамояд. Тавре директори литсей Саидқадам Саидҳазалов иттилоъ дод, ҳамасола дар ин муассиса 320 нафар ҷавонписарону духтарон таҳсил менамоянд. Шогирдони литсей бо хобгоҳ, ҳаммом, ошхона, толори варзишӣ, хонаҳои истироҳату дамгирӣ таъминанд. Онҳо дар ин ҷо ихтисосҳои кафшергарӣ, устои барқ, муҳосиб, дӯзанда, челонгар,устои таъмири воситаҳои нақлиёт, харрот ва ғайраро меомӯзанд. Аксарияти онҳо ҳоло дар ташкилотҳои сохтмонӣ, роҳу алоқа ва гурӯҳи дигар мувофиқ ба ихтисосашон берун аз мамлакат фаъолият доранд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






