МОНИТОРИНГИ МЕҲНАТИ КӮДАКОН
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Барномаи ҳуқуқи кӯдак яке аз қисматҳои самараноки фаъолияти Институтҳои байналмилалии Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо , бахусус «Наҷоти кӯдакон» маҳсуб меёбад,- зикр гардид дар сӯҳбати гирдимизие, ки имрӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими муаррифии лоиҳаи «Мониторинги меҳнати кӯдак –Конвенсияи 182» баргузор гардид. Тавре аз хабари фонди кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид бармеояд, 12%-и кӯдакони аз 5 то 14 — сола ба корҳои гуногун ва 65 ҳазор ба фаъолияти музднок машғул мебошанд. Ҳукумати Тоҷикистон, ки Конвенсияи Ташкилоти Байналмилалии меҳнатро соли 2005 ба тасвиб расонидааст, якҷоя бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар роҳи ҳаллу фасли мушкилоти вобаста ба меҳнати кӯдак ва шаклҳои истифодаи ғайриқонунии он пайваста талош меварзад. Бо ин мақсад интизор меравад, ки Ҳукумат нақшаи миллии фаъолияти самаранок ва ҳисоботро дар ин самт омода намуда, мувофиқи талаботи Конвенсияи СММ ба Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пешниҳод намояд. Лоиҳаи муносибатҳои корӣ ва ҳамоҳангсозиро бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон устувор карда, идораи сохтори мониторинги меҳнати кӯдакро дар чор ноҳияи шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд таъсис медиҳад. Лозим ба зикр аст, ки Лоиҳаи «Мониторинги меҳнати кӯдак –Конвенсия 182» аз ҷониби ташкилотҳои «Наҷоти кӯдакон» ва «Сотсервис» дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






