МУҲОКИМАИ МАСЪАЛАҲОИ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР СОҲАИ ИСТИФОДАИ ЗАМИН

Август 16, 2010 12:01

Қӯрғонтеппа, 16 август. (АМИТ «Ховар», Мурод Сотиев).- 13 август дар шаҳри Қӯрғонтеппа маҷлиси навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ мақомоти муҳифизи қонуни вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар маҷлис Прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода ва раиси вилоят Ғайбулло Афзал иштирок доштанд. Ба маҷлис инчунин прокурорҳо, роҳбарон ва муовинони сардорони шӯъбаҳои корҳои дохилии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ даъват шуда буданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки иштирокчиёни маҷлис ҷараёни иҷрои Кодекси замин ва қонунҳои дигари ҷумҳуриро дар соҳаи истифодаи замин ва ислоҳоти он мавриди баррасӣ қарор доданд. Прокурори вилояти Хатлон Абдураҳим Раҳимов зикр намуд, ки вақтҳои охир ҳодисаҳои қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи замин бештар ба назар мерасанд. Чунин ҳодисаҳо ва ҷиноятҳои марбут ба истифодаи замин дар ноҳияҳои Бохтар, Вахш, Қумсангир, Шаҳритус ва Восеъ аз ҳама зиёд ба қайд гирифта шудаанд. Дар баъзе ноҳияҳои вилоят замин мавриди хариду фурӯши ғайриқонунӣ қарор дода мешавад. Роҳбарони гуногунпояи кумитаҳои заминсозӣ, ҷамоатҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва роҳбарони ноҳияҳо аз ин истифода бурда, ба содир намудани ҷиноят мусоидат менамоянд. Прокурори вилоят афзуд, ки барои содир кардани ҷиноят дар соҳаи истифодаи замин нисбати шахсони мансабдор 60 парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Инчунин дар ҳудуди вилоят ҳодисаҳои сершумори ғайриқонунӣ ишғол намудани қитъаҳои замин ба назар мерасанд. Дар натиҷаи дахолат ва эътирози мақомоти прокуратура 132 гектар замин  ба ҳолати аввала баргардонида шуд. А. Раҳимов дар хотима зикр кард, ки мақомотаи прокуратураи вилояти Хатлон барои пешгирии чунин ҷиноятҳо тамоми тадбирҳои заруриро истифода мебаранд. Қайд карда шуд, ки ҳалли ин проблема ба фаъолияти муштараки ҳамаи мақомоти давлатӣ низ вобаста мебошад.

Август 16, 2010 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад