МУЛОҚОТИ ҚАРИБУЛВУҚӮИ САРДОРИ ДАВЛАТ БО ВАРЗИШГАРОН

Август 11, 2010 11:01

Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Ҷавонони фаъоли ноҳияи Спитамен, Конибодом ва Истаравшани вилояти Суғд бо раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ Маликшо Неъматов мулоқот намуданд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд, Маликшо Неъматов дар мулоқот бо ҷавонони ноҳияҳои мазкур дар бораи роҳи тайшуда ва аҳамияти Истиқлолияти ҶТ, ки имсол 19 солагии онро ҷашн мегирем, сӯҳбат намуд. Ҳамчунин, Маликшо Неъматов аз қасри солимгардонии «Сомониён»-и нохияи Ҷаббор Расулов дидан карда, бо ҷавонон ва варзишгарони ноҳияи мазкур низ мулоқот намуд. Баъди мулоқоти пурмӯҳтаво М. Неъматов аз иштирокчиён даъват кард, ки пешниҳод ва мулоҳизаҳои хешро то оғози мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо  варзишгарони кишвар, ки моҳи сентябри соли 2010 баргузор мегардад, омода намоянд.            

Август 11, 2010 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад