МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО Э. НАЪЛБАНДЯН
Душанбе, 23 август, (АМИТ «Ховар») . — Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ 20 августи соли 2010 дар доираи мулоқоти ғайрирасмии сарони давлатҳои аъзои СААД дар Ереван бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Наълбандян мулоқот кард. Зимни мулоқот масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкории Тоҷикистону Арманистон дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд. Ҳ. Зарифӣ ва Э. Наълбандян аз вазъи имрӯзаи равобити сиёсии Тоҷикистон ва Арманистон дар сатҳи дуҷониба ва бисёрҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Бо мақсади вусъат додани равобит ва ҳамкории мутақобилан муфиди вазорату идораҳо ва соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар зарурати фаъол гардонидани Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории Тоҷикистону Арманистон махсус таъкид карда шуд. Мусоҳибон роҷеъ ба проблемаҳои муҳимтарини минтакавӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷониба дар доираи созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ табодули назар намуданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






