МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АСИТХ БХАТТАЧАРҶӢ

Август 13, 2010 13:41

13 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷӣ эътимоднома қабул намуд. Дар сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Аситх Бхаттачарҷӣ, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт таъкид гардид, ки  Тоҷикистону Ҳиндустон дар минтақа шарикони боэътимод буда робитаҳои муштараки ду давлат  бемайлон рушду тавсеа меёбанд. Тоҷикистон барои таҳкиму тавсиаи минбаъдаи ҳамкориҳои судбахш бо Ҳиндустон кўшиши зиёд ба харҷ дода имконоти мавҷударо самаранок ва баманфиат истифода менамояд», изҳор дошт зимни сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда робитаҳои иқтисодию инвеститсионӣ ва тиҷоратиро умедбахш маънидод карданд. Аситх Бхаттачарҷӣ изҳор дошт, ки барои фаъол намудани заминаи сиёсию ҳуқуқии ҳамкориҳои ду давлат ва рушду тавсеаи минбаъдаи он саъю кўшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди тавваҷўҳи ҷонибҳо қарордошта табодули назар карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 13, 2010 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд