МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО АСИТХ БХАТТАЧАРҶӢ
13 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷӣ эътимоднома қабул намуд. Дар сўҳбати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Аситх Бхаттачарҷӣ, ки баъди супурдани эътимоднома сурат гирифт таъкид гардид, ки Тоҷикистону Ҳиндустон дар минтақа шарикони боэътимод буда робитаҳои муштараки ду давлат бемайлон рушду тавсеа меёбанд. Тоҷикистон барои таҳкиму тавсиаи минбаъдаи ҳамкориҳои судбахш бо Ҳиндустон кўшиши зиёд ба харҷ дода имконоти мавҷударо самаранок ва баманфиат истифода менамояд», изҳор дошт зимни сўҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ҷонибҳо аз сатҳ ва мазмуни муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда робитаҳои иқтисодию инвеститсионӣ ва тиҷоратиро умедбахш маънидод карданд. Аситх Бхаттачарҷӣ изҳор дошт, ки барои фаъол намудани заминаи сиёсию ҳуқуқии ҳамкориҳои ду давлат ва рушду тавсеаи минбаъдаи он саъю кўшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Дар мулоқот ҳамчунин доир ба масоили дигари мавриди тавваҷўҳи ҷонибҳо қарордошта табодули назар карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






