МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Д. МЕДВЕДЕВ

Август 19, 2010 10:19

18 августи соли 2010 дар шаҳри Сочи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев мулоқот намуд. Дар вохўрӣ маҷмўи масоили ҳамкории дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд. Дмитрий Медведев дар оғози сўҳбат аз баргузорӣ ва натиҷаҳои мулоқоти дуюми сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон изҳори қаноатмандӣ карда, аз ҷумла таъкид дошт: «ташаббуси Шумо дар бораи ба роҳ мондани мулоқотҳои чорҷониба ба ман хеле писанд омад, зеро ин ҳамоишҳо дар баррасӣ ва ҳалли мушкилоти минтақавӣ басо муҳиманд ва мо ин гуна робитаҳоро бояд идома диҳем». Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медведев «таҳким ва густариши минбаъдаи муносиботи  шарикии стратегӣ ва иттифоқчигии Тоҷикистону Русияро аз ҳадафҳои муштараки роҳбарияти ҳарду кишвар» арзёбӣ намуданд. Таваҷҷўҳи зиёд ба густариши ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию сармоягузорӣ, ҳарбӣ-техникӣ ва фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд. Тезондани татбиқи лоиҳаҳои муштараки иқтисодию сармоягузории ду кишвар, аз ҷумла корҳои ҷустуҷуӣ-иктишофӣ дар конҳои газ ва сохтмони нерўгоҳҳои миёнаиқтидори обии барқӣ дар Тоҷикистон зарур шумурда шуд. Аз фаъол гаштани филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва омодагӣ ба ифтитоҳи филиалҳои ду мактаби олии дигари Русия дар Тоҷикистон ва марказҳои фарҳангию иттилоотии ду кишвар дар пойтахтҳои ҳамдигар изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба таҳким ва густариши ҳамкории ҳарбӣ – техникӣ ва муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир таъкид намуданд. Дар ин бора Котиби матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Шарифзода ба АМИТ «Ховар» аз шаҳри Сочии Федератсияи Россия иттилоъ дод.

Август 19, 2010 10:19

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид