МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТҲОИ ЧОР КИШВАР ДАР СОЧИ

Август 19, 2010 07:50

18 августи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистону Русия ва Афғонистону Покистон иштирок ва суханронӣ намуд. Бояд хотиррасон намуд, ки ин дуввумин мулоқоти чорҷонибаи сарони давлатҳои номбурда аст. Мулоқоти нахустини «Чоргонаи Душанбе» моҳи июли соли гузашта дар пойтахти кишвари мо баргузор гашта, бо тасмимоти зиёди судманд анҷом ёфта буд. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гаштани мулоқоти дуюми чорҷонибаи сатҳи олиро «нишонаи рағбати 4 давлат   ба ташкили робитаҳои нави мутақобилан судманди бисёрҷониба ва густариши самтҳои ҳамгироӣ миёни ин кишварҳо» арзёбӣ намуд. Эмомалӣ Раҳмон «вуҷуди фазои сулҳу суботро шарти асосии густариши ҳамкории гуногунҷанба» номида, таъкид дошт, ки «зимни чораҷўиҳо ташкил додани ҷабҳаи муштараки зиддитеррористӣ зарур аст». Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин изҳор намуд, ки «бояд мубориза бо интиқоли прекурсорҳои маводи мухаддир пурзўр карда шавад» ва таъкид дошт, ки «ин яке аз роҳҳои хуби коҳиш додани истҳсоли ин маводи марговар хоҳад буд». Сарвари давлати Тоҷикистон «камбизоатӣ, сатҳи баланди бекорӣ ва ҳал нашудани мушкилоти дигари иҷтимоиро асоси пайдоиш ва густариши терроризму экстремизм» арзёбӣ карда, кишварҳои манфиатдорро ба иштироки васеъ дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Афғонистон даъват намуд ва инро аз роҳои асосии барқарорсозии ҳаёти осоишта дар ин кишвар маънидод кард. Эмомалӣ Раҳмон омодагӣ ва ҳавасмандии Тоҷикистонро барои расондани кўмакҳо ба Афғонистон дар шакли омодасозии кадрҳои соҳаҳои гуногуни ин кишвар, интиқоли нерўи барқу  маводи сохтмон ва равона кардани бинокорон, табибон, омўзгорон ва  дигар мутахассисони тоҷик ба кўмаки бародарони афғон таъкид намуд. Зимни суханронии сарони дигар давлатҳо низ имкону захираҳои фаровон ва нақши муҳими Тоҷикистон дар расондани кўмакҳо ба Афғонистон ва ҳалли мушкилоти минтақавии энергетикию нақлиётӣ таъкид гардид. Сарони чор давлат татбиқи лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, аз қабили сохтмони роҳҳои пайвандкунандаи Тоҷикистону Покистон аз тариқи қаламрави Афғонистон ва кашидани хатти 500 – киловолтаи интиқоли нерўи барқро аз Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон, ки бо номи лоиҳаи КАСА – 1000 маъруф аст ва иштироки Федератсияи Русияро дар ин лоиҳа дастгирӣ намуданд. Аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карда шуд, ки дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ба барқарорсозии ҳаёти осоиштаи Афғонистон равонагашта ва дар бартарафсозии оқибатҳои обхезии шадиди Покистон иштироки фаъол дошта бошанд. Сарони давлатҳо ба мувофиқа омаданд, ки мулоқоти минбаъдаи чорҷонибаи сатҳи олӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Август 19, 2010 07:50

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд