МУЛОҚОТИ Ҳ.ЗАРИФӢ БО ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ӮЗБЕКИСТОН ВА ҶОПОН
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — 7 августи соли 2010 дар шаҳри Тошканд мулоқоти Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Ӯзбекистон Владимир Норов баргузор гардид. Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкориҳо мубодилаи афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, ҳамлу нақли борҳои Тоҷикистон тариқи марзи Ӯзбекистон, вазъияти Қирғизистон, ҳамчунин масоили таъмини амният ва ба низом овардани вазъ дар Афғонистон баррасӣ гардид. Худи ҳамон рӯз ҳамчунин мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумхурии Ҷопон Окада Катсуя доир гардид. Аз ҷумла, ҷараёни иҷрои барномахои кӯмаки молиявии ҶТ мухокима карда шуд, ки ҳадафи онҳо афзун кардани нерӯи инсонӣ ва пешрафти соҳаҳои ёрирасони иқтисодиёт мебошад. Дар ин бора аз Департаменти иттилоотии Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






