НАРХҲОИ АРЗОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Тавре ба ҳамагон маълум аст, аз 5 августи соли равон мувофиқи қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таҳти рақами 474 дар тамоми бозорҳои марказии шаҳр нархи маводи хӯрокӣ паст фаромад. Оид ба қарори мазкур сардори Корхонаи воҳиди давлатии «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе» Асомиддин Ризоев ба мухбири АМИТ « Ховар» гуфт, ки пас аз қарори раиси шаҳр мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев дар арафаи моҳи шарифи Рамазон КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе тасмим гирифт, ки баҳри амалӣ шудани қарори мазкур чораҳои тартиб дида шавад, чунки ин иқдоми неки шаҳрдорӣ боиси дастгирист. Аз ин рӯ мо нақша – чорабиниҳо таъсис дода, дар назди ҳамаи бозорҳои зертобеъ ярмаркаҳои доимоамалкунанда таъсис додем. Дар натиҷа аз ноҳияҳои гирду атрофи шаҳр харидорон баҳри дастрас намудани маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар рӯ ба бозорҳои пойтахт оварданд. Тавре дар қарори мазкур зикр гардидааст, барои деҳқононе, ки бе миёнарав ба фурӯши маҳсулоти хӯрокӣ, инчунин тоҷирону соҳибкороне, ки ба воридоту фурӯши чунин маҳсулот машғуланд, сабукиҳо дода шуда, онҳо мутаносибан аз пардохти ҳаққи ҳамаи намудҳои хизматрасониҳо ба андозаи 50 фоиз озод карда мешаванд. КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳр» вазифадор гардидааст, ки нуқтаҳои иловагии фурӯши гӯшту маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намояд. Аллакай имрӯзҳо мо дар тамоми бозорҳои пойтахт «Гӯшаи деҳқон» ташкил намудем ва деҳқонон метавонанд бе ягон дудилагӣ бо нархҳои дастрас маҳсулоти худро пешкаши харидорон намоянд,- афзуд Асомиддин Ризоев. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки ҳамаи он қарорҳое, ки раиси шаҳр ба масъулин вобаста намуд, иҷрошавандаанд. Ҳар рӯз дар бозорҳои пойтахт аз ҷониби Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе , Раёсати андози шаҳр, Раёсати минтақавии гумруки шаҳри.Душанбе , Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе ва маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе баҳри таъмини ҳифзи бозори истеъмолии пойтахт ва ҳифзи саломатии шаҳрвандон дар давоми моҳи шарифи Рамазон назорат бурда мешавад. Баҳри ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мо кӯшиш менамоем, ки аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили помидору бодиринг, боимҷону сабзӣ ва дигар маҳсулотро бо нархҳои арзон дастраси аҳолӣ гардонем.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






