НАРХҲОИ АРЗОН ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

Август 20, 2010 08:54

Душанбе, 20 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Давлатова).- Тавре ба ҳамагон маълум аст, аз  5 августи  соли равон мувофиқи  қарори Раиси  шаҳри Душанбе Маҳмадсаид  Убайдуллоев  таҳти рақами 474  дар тамоми бозорҳои  марказии шаҳр нархи маводи  хӯрокӣ  паст фаромад. Оид ба қарори  мазкур сардори  Корхонаи воҳиди  давлатии «Савдо ва бозорҳои  шаҳри Душанбе» Асомиддин Ризоев ба мухбири  АМИТ  « Ховар» гуфт, ки  пас аз қарори  раиси шаҳр  мӯҳтарам Маҳмадсаид Убайдуллоев  дар арафаи моҳи шарифи Рамазон КВД «Савдо ва бозорҳои шаҳри Душанбе  тасмим гирифт, ки баҳри амалӣ шудани  қарори мазкур  чораҳои тартиб  дида шавад, чунки ин  иқдоми неки   шаҳрдорӣ боиси дастгирист. Аз ин рӯ мо нақша – чорабиниҳо  таъсис дода, дар назди ҳамаи  бозорҳои  зертобеъ  ярмаркаҳои  доимоамалкунанда  таъсис додем. Дар  натиҷа  аз ноҳияҳои гирду атрофи шаҳр  харидорон  баҳри дастрас  намудани маводи  ғизоӣ бо нархҳои нисбат ба бозор  арзонтар рӯ ба бозорҳои пойтахт  оварданд. Тавре дар қарори мазкур зикр гардидааст, барои деҳқононе, ки  бе миёнарав ба фурӯши  маҳсулоти хӯрокӣ, инчунин   тоҷирону  соҳибкороне, ки  ба воридоту  фурӯши чунин  маҳсулот машғуланд, сабукиҳо  дода шуда, онҳо мутаносибан аз пардохти  ҳаққи ҳамаи  намудҳои  хизматрасониҳо  ба андозаи  50 фоиз  озод карда мешаванд. КВД  «Савдо ва бозорҳои  шаҳр» вазифадор гардидааст, ки  нуқтаҳои иловагии  фурӯши  гӯшту  маҳсулоти  кишоварзӣ  ташкил намояд. Аллакай имрӯзҳо  мо дар тамоми  бозорҳои  пойтахт «Гӯшаи деҳқон»  ташкил намудем  ва деҳқонон  метавонанд  бе  ягон  дудилагӣ бо нархҳои дастрас  маҳсулоти худро  пешкаши харидорон намоянд,- афзуд Асомиддин Ризоев.  Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки  ҳамаи он қарорҳое, ки  раиси шаҳр ба масъулин  вобаста намуд, иҷрошавандаанд.  Ҳар рӯз дар бозорҳои  пойтахт аз ҷониби  Раёсати  корҳои дохилии шаҳри Душанбе , Раёсати   андози шаҳр,  Раёсати  минтақавии гумруки  шаҳри.Душанбе , Раёсати  назорати  давлатии байтории шаҳри Душанбе  ва маркази  назорати давлатии  санитарию  эпидемиологии шаҳри Душанбе  баҳри  таъмини ҳифзи  бозори истеъмолии  пойтахт ва ҳифзи  саломатии  шаҳрвандон дар  давоми моҳи шарифи Рамазон  назорат бурда   мешавад. Баҳри ғанӣ  гардонидани бозори истеъмолӣ  мо кӯшиш менамоем, ки  аз вилоятҳои Суғду  Хатлон ва ноҳияҳои  тобеи марказ  маҳсулоти  кишоварзӣ, аз  қабили помидору бодиринг,  боимҷону сабзӣ  ва дигар маҳсулотро  бо нархҳои  арзон дастраси аҳолӣ  гардонем.              

Август 20, 2010 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад