НАШЪУНАМОИ ПАХТА

Август 10, 2010 15:28

Душанбе, 10 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тибқи маълумоти  фаврии Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ  дар майдони 162387 гектар чигит кошта шудааст, ки ин нишондод ба 89 фоизи иҷрои дурнамо баробар мебошад. Лозим ба ёдоварист, ки бинобар номусоид омадани вазъи ҳаво  майдони 7894 гектар замини киштшудаи пахта зарар дида, аз нав киштгардон шуд. Айни ҳол майдони 162387 гектар замини киштшудаи пахта  сабзидааст, ки ин ба 100 фоиз баробар мебошад. Аз чорабиниҳои  агротехникии хоҷагиҳои  пахтакори  ҷумҳурӣ  то  санаи  09.08.10 дар майдони 132047 га сарчинкунӣ, 728755  га коркарди байни  қаторҳо, 343987 га озуқадиҳӣ  гузаронида шуда, дар  395612 га оби вегетативӣ  дода   шудааст. Кишоварзон ният доранд, ки имсол ҳосили хуб ба даст оварда, вазъи иқтисодии хешро беҳтар созанд. Ёдовар мешавем, ки соли равон нархи нахи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ ба таври назаррас боло рафтааст, ки ин боиси ҳавасмандии деҳқонон баҳри зиёд намудани майдонҳои кишт ва ҳосили он мегардад.

Август 10, 2010 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд