НАТИҶАҲОИ МУЛОҚОТИ Э. РАҲМОН БО Д. МЕДВЕДЕВ
Дар шаҳри Сочи зимни мулоқотҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Медведев як қатор мувофиқаҳои муҳим ба даст омаданд, ки барои рушди муносибатҳои шарикии статегию иттифоқчигӣ ва ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвар аҳамияти бағоят калон доранд. Аз ҷумла: — Барномаҳои шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар ҳудуди Русия ва шабакаи РТР планетаи Русия дар қаламрави Тоҷикистон пахш мешаванд; — Заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии Тоҷикистону Русия оид ба танзими муҳоҷирати меҳнатӣ такмил дода мешавад, аз ҷумла мўҳлати будубоши беқайди шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия аз 3 рўз ба 90 рўз дароз карда мешавад; — Барномаи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия барои солҳои 2011-2015 ва нақшаи татбиқи он таҳия ва қабул мегардад; — Қарзи ширкати Барқи тоҷик дар назди нерўгоҳи обии Сангтўда-1 мутобиқи ҷадвали муайяншуда пардохт карда мешавад; — Филиали ду мактаби олии дигари Русия дар Тоҷикистон кушода мешавад; — Маркази фаҳангӣ-иттилоотии Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ва аз Русия дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ меёбад; Қарор карда шуд, ки роҳбарияти сиёсии Тоҷикистону Русия баҳри баррасии масоили муҳими дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ робитаи доимӣ дошта бошанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.