«НАВРӮЗГОҲ»-И ХУҶАНД МОЛҲОИ ЭРОНИРО МУАРРИФӢ МЕСОЗАД
Душанбе, 23 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзҳои 11-15 сентябри соли равон дар «Кохи Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи миллии маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида мешавад. Тибқи иттилои Раиси ширкати «Сурӯши Хуросон» Муҳаммад Имронӣ ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Эрон аст. Дар намоишгоҳ, ки дар масоҳати 600 метри мураббаъ ташкил карда мешавад, беш аз 40 ширкати эронӣ аз вилоятҳои Хуросон ва Язд маҳсулоти худро дар 5 бахш, соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, техника, атриёт, саноати сохтмон ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд. Инчунин, дар доираи баргузории намоишгоҳ бо иштироки доираҳои тиҷоратӣ, соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар нишасту мулоқот ташкил карда мешавад, ки дар он масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ хоҳад шуд. М. Имронӣ афзуд, ки ин ҳаштумин намоишгоҳи молҳои саноатӣ аст, ки дар Тоҷикистон бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати «Сурӯши Хуросон» гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки чунин намоишгоҳ моҳи ноябри соли равон дар Душанбе ташкил карда хоҳад шуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






