«НАВРӮЗГОҲ»-И ХУҶАНД МОЛҲОИ ЭРОНИРО МУАРРИФӢ МЕСОЗАД

Август 23, 2010 15:14

Душанбе, 23 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар доираи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон рӯзҳои 11-15 сентябри соли равон дар «Кохи Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд намоишгоҳи миллии маҳсулоти ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Исломии Эрон гузаронида мешавад. Тибқи иттилои  Раиси ширкати «Сурӯши Хуросон» Муҳаммад Имронӣ ҳадаф аз ташкили чунин намоишгоҳ дар маркази маъмурии вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд, тақвияти ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Эрон аст. Дар намоишгоҳ, ки дар масоҳати 600 метри мураббаъ ташкил карда мешавад,  беш аз 40 ширкати эронӣ аз вилоятҳои Хуросон ва Язд  маҳсулоти худро дар 5 бахш,   соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, техника, атриёт, саноати сохтмон ба маърази тамошо ва фурӯш мегузоранд. Инчунин, дар доираи баргузории намоишгоҳ бо иштироки доираҳои тиҷоратӣ, соҳибкорону тоҷирони ҳар ду кишвар нишасту мулоқот ташкил карда  мешавад, ки дар он масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ баррасӣ хоҳад шуд. М. Имронӣ афзуд, ки ин ҳаштумин намоишгоҳи молҳои саноатӣ аст, ки  дар Тоҷикистон бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати  «Сурӯши Хуросон»  гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки чунин намоишгоҳ моҳи ноябри соли равон дар Душанбе ташкил карда хоҳад шуд.

Август 23, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа