НИЁЗМАНДОНИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ МЕАФЗОЯНД

Август 4, 2010 16:49

Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 4 августи соли равон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 171 нафар сокини шаҳри мазкурро қабул намуд. Мардуми ин шаҳри бостонӣ ба раиси вилоят бо талабу дархости мухталиф, аз ҷумла асосан оид ба таъмин намудан бо қитъаи замин барои сохтмони манзил ва оби нӯшокиву полезӣ, хубтар ба роҳ мондани соҳилмустаҳкамкунӣ, расонидани кӯмакҳои моддӣ, инчунин мусоидат намудан барои таъмин бо ҷойи корӣ ва ғайра муроҷиат карданд. Зимни қабули шаҳрвандон маълум шуд, ки дар шаҳри Панҷакент 18 ҳазор нафар шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замин эҳтиёҷ доранд. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ, ки баъди нисфирӯзӣ баргузор гардид, рӯзи қабули сокинони шаҳри Панҷакент аз ҷониби раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ шуда, ба роҳбарияти шаҳри Панҷакент супориш дода шуд, ки корро дар самти ҳаллу баррасии муроҷиати шаҳрвандон беҳтар намоянд.

Август 4, 2010 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд