НИЁЗМАНДОНИ ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ДАР ПАНҶАКЕНТ МЕАФЗОЯНД
Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Имрӯз, 4 августи соли равон раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент 171 нафар сокини шаҳри мазкурро қабул намуд. Мардуми ин шаҳри бостонӣ ба раиси вилоят бо талабу дархости мухталиф, аз ҷумла асосан оид ба таъмин намудан бо қитъаи замин барои сохтмони манзил ва оби нӯшокиву полезӣ, хубтар ба роҳ мондани соҳилмустаҳкамкунӣ, расонидани кӯмакҳои моддӣ, инчунин мусоидат намудан барои таъмин бо ҷойи корӣ ва ғайра муроҷиат карданд. Зимни қабули шаҳрвандон маълум шуд, ки дар шаҳри Панҷакент 18 ҳазор нафар шаҳрвандон барои гирифтани қитъаи замин эҳтиёҷ доранд. Дар маҷлиси ҷамъбастӣ, ки баъди нисфирӯзӣ баргузор гардид, рӯзи қабули сокинони шаҳри Панҷакент аз ҷониби раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода натиҷагирӣ шуда, ба роҳбарияти шаҳри Панҷакент супориш дода шуд, ки корро дар самти ҳаллу баррасии муроҷиати шаҳрвандон беҳтар намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






