О. ОҚИЛОВ ДАР СУҒД

Август 18, 2010 10:05

 Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз  14-ум то 16- уми августи соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии хоҷагии халқи вилояти Суғд ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қарор дошт. Масъалаи мазкур рўзи аввали сафари корӣ дар ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре таъкид гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо  ҷиҳати омодагӣ ба тирамоҳу зимистони имсола тадбирҳои заруриро андешидаанд. Аз ҷумла, вобаста ба захираву истифодаи самарабахши нерӯи барқ иттилоъ дода шуд, ки аксари корхонаҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ба истифодаи сўзишвории алтернативӣ – ангиштсанг гузаштаанд. Ин тадбир дар бархе аз минтақаҳои дигари вилоят низ амалӣ мешавад. Аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар ситоди мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт, ҳолати қарздории корхонаву ташкилот ва аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ буд. Барои омодагии шабакаҳои гармидиҳии шаҳру навоҳии вилоят ва иншооти барқӣ то 1 октябри соли ҷорӣ мўҳлат дода шуд. Дар ин замина ҳамчунин дастур дода шуд, ки баҳри эҳёву барқарор намудани системаҳои гармидиҳӣ консепсияи мушаххас тартиб дода шавад. Дар рўзҳои дигари сафари кории  худ ба вилояти Суғд Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҳолати омодагии хатти баландшиддати Ҷануб-Шимол – зеристгоҳи Хуҷанд-500 ва НБО-и «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Қайроққум шинос шуда, барои тайёрии ҳамаҷонибаи иншооти аҳамияти муҳимдошта ба давраи тирамоҳу зимистонидар пеш истода ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод. 

Август 18, 2010 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад