О. ОҚИЛОВ ДАР СУҒД
Душанбе, 18 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Аз 14-ум то 16- уми августи соли равон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо мақсади шиносоӣ бо вазъи омодагии хоҷагии халқи вилояти Суғд ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2010-2011 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қарор дошт. Масъалаи мазкур рўзи аввали сафари корӣ дар ҷаласаи ситоди зимистонгузаронӣ таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тавре таъкид гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати омодагӣ ба тирамоҳу зимистони имсола тадбирҳои заруриро андешидаанд. Аз ҷумла, вобаста ба захираву истифодаи самарабахши нерӯи барқ иттилоъ дода шуд, ки аксари корхонаҳои истеҳсолии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ ба истифодаи сўзишвории алтернативӣ – ангиштсанг гузаштаанд. Ин тадбир дар бархе аз минтақаҳои дигари вилоят низ амалӣ мешавад. Аз масъалаҳои муҳими дигаре, ки дар ситоди мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт, ҳолати қарздории корхонаву ташкилот ва аҳолӣ аз истифодаи нерӯи барқ буд. Барои омодагии шабакаҳои гармидиҳии шаҳру навоҳии вилоят ва иншооти барқӣ то 1 октябри соли ҷорӣ мўҳлат дода шуд. Дар ин замина ҳамчунин дастур дода шуд, ки баҳри эҳёву барқарор намудани системаҳои гармидиҳӣ консепсияи мушаххас тартиб дода шавад. Дар рўзҳои дигари сафари кории худ ба вилояти Суғд Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо ҳолати омодагии хатти баландшиддати Ҷануб-Шимол – зеристгоҳи Хуҷанд-500 ва НБО-и «Дўстии халқҳо»-и шаҳри Қайроққум шинос шуда, барои тайёрии ҳамаҷонибаи иншооти аҳамияти муҳимдошта ба давраи тирамоҳу зимистонидар пеш истода ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






