ОБХЕЗИҲО ДАР ХАТЛОН
Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзи 8 августи соли 2010, дар ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон сатҳи оби дарёи Вахш баланд шуд. Дар натиҷа қитъаҳои наздиҳавлигии 21 хоҷагии деҳаи Сари-ҷари ҷамоати деҳоти Яккатут зарар диданд. Аз он ҷумла, 5 гектар заминҳои кишти ғалладона хароб гаштааст. Айни ҳол дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, хадамоти мудофиаи граждании ноҳия бо сафарбар намудани нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ фаъолият намуда, аҳолии зарардидаи деҳаи номбурдаро ба мавзеи бехатар кӯчонданд. Мувофиқи маълумоти Маркази обу ҳавосанҷии ҷумҳурӣ гармшавии ҳаво то 20-25- август идома меёбад. Бо супориши Раиси Кумита тамоми ситодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи минтақавӣ ва хадамоти дахлдори ноҳияву вилоятҳо огоҳонида шуда, дар ҳолати омодабош қарор доранд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






