ОБХЕЗИҲО ДАР ХАТЛОН

Август 9, 2010 16:27

Душанбе, 9 август. (АМИТ «Ховар», Зебо Иноятова).- Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рӯзи 8 августи соли 2010, дар ноҳияи А. Ҷомии вилояти Хатлон сатҳи оби дарёи Вахш баланд шуд. Дар натиҷа қитъаҳои наздиҳавлигии 21 хоҷагии деҳаи Сари-ҷари ҷамоати деҳоти Яккатут зарар диданд. Аз он ҷумла, 5 гектар заминҳои кишти ғалладона хароб гаштааст. Айни ҳол дар ҷои ҳодиса комиссияи ҳолатҳои фавқулодда, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, хадамоти мудофиаи граждании ноҳия бо сафарбар намудани нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ фаъолият намуда, аҳолии зарардидаи деҳаи номбурдаро ба мавзеи бехатар кӯчонданд.  Мувофиқи маълумоти Маркази обу ҳавосанҷии ҷумҳурӣ гармшавии ҳаво то 20-25- август идома меёбад. Бо супориши Раиси Кумита тамоми ситодҳои ҳолатҳои фавқулоддаи минтақавӣ ва хадамоти дахлдори ноҳияву вилоятҳо огоҳонида шуда, дар ҳолати омодабош қарор доранд.    

Август 9, 2010 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид