ОМӮЗГОРОН СОҲИБИ ҶОЙИ КОР МЕШАВАНД

Август 12, 2010 15:45

Душанбе, 12 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-13 август дар бинои курси такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Душанбе ярмаркаи умумишаҳрии ҷойҳои кори холӣ ташкил карда мешавад. Ярмарка бо ибтикори Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ташкил барпо мешавад. Дар он тамоми мактабу идораҳои маорифи пойтахт, ки ба омӯзгорони фанҳои гуногун эҳтиёҷ доранд, иштирок менамоянд. Назар ба иттилои сардори Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов, алҳол дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии пойтахт беш аз 500 омӯзгор, хусусан омӯзгорони фанҳои дақиқ намерасанд. Инчунин, мактабҳои пойтахт ба муаллимони забони русӣ эҳтиёҷи бештар доранд. Аз Агентии давлатии  ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки чунин ярмаркаҳо дар бахши маориф дар оғози соли нави таҳсили 2010-2011 дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон,  шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва Ҳисор гузаронида мешаванд, ки ҳадафаш бо ҷойи кор таъмин намудани омӯзгорон аст.

Август 12, 2010 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад