ОЁ БӮҲРОНИ ОЗУҚА ТАКРОР МЕШАВАД?
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар, Фарангис Рахимова»).- Созмони озуқа ва кишоварзии СММ моҳи июн хабар дод, ки имсол дар Русия 676 миллион тонна гандум ҷамъ оварда мешавад. Вале ба ақидаи мутахассисон имсол ҳосили ғалла дар Русия ҳамагӣ 651 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Сабаби кам шудани ҳосили ғалла дар Русия ва мамлакатҳои дигар гармои шадиди тобистони имсола мебошад. Коршиносони СММ хабар медиҳанд, ки имсол ҳосили ғалла дар Қазоқистон ва Украина низ хеле кам мебошад. Дар замина пешгӯӣ карда мешавад, ки дар давоми солҳои 2010-2011 камбуди захираи ҷаҳонии ғалла ва хусусан гандум ба миён омада метавонад. Хабар дода мешавад, ки ҳосили ғалла имсол дар Канада низ то андозае кам гардидааст. Дар натиҷа нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ то рафт баланд мешавад. Бинобар ин баъзе мутахассисон изҳор менамоянд, ки имконияти такрор шудани бӯҳрони озуқаи солҳои 2007-2008 вуҷуд дорад. Вале Созмони озуқаи СММ чунин мешуморад, ки дар натиҷаи ду соли фаровонии ғалла дар мамлакатҳои ҷаҳон ҳаҷми зарурии гандум захира карда шудааст. Вале агар хушксолӣ дар Русия тӯл каршад, дар масъалаи кишти тирамоҳи дар ин мамлакат баъзе душвориҳо ба миён меоянд. Аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон моҳи июл нархи 1 килограмм орди гандуми навъи аввал дар бозорҳои мамлакат 1 сомонию 70 дирам ва имрӯз 2 сомонию 40 дирам мебошад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






