ОЁ БӮҲРОНИ ОЗУҚА ТАКРОР МЕШАВАД?

Август 7, 2010 10:51

Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар, Фарангис Рахимова»).- Созмони озуқа ва кишоварзии СММ моҳи июн хабар дод, ки имсол дар Русия 676 миллион тонна гандум ҷамъ оварда мешавад. Вале ба ақидаи мутахассисон имсол ҳосили ғалла дар Русия ҳамагӣ 651 миллион тоннаро ташкил медиҳад.  Сабаби  кам шудани ҳосили ғалла дар Русия ва мамлакатҳои дигар гармои шадиди тобистони имсола мебошад. Коршиносони СММ хабар медиҳанд, ки имсол ҳосили ғалла дар Қазоқистон ва Украина низ хеле кам мебошад. Дар замина пешгӯӣ карда мешавад, ки дар давоми солҳои 2010-2011 камбуди захираи ҷаҳонии ғалла ва хусусан гандум ба миён омада метавонад. Хабар дода мешавад, ки ҳосили ғалла имсол дар Канада низ то андозае кам гардидааст. Дар натиҷа нархи гандум дар бозори ҷаҳонӣ то рафт баланд мешавад.  Бинобар ин баъзе мутахассисон изҳор менамоянд, ки имконияти такрор шудани бӯҳрони озуқаи солҳои 2007-2008 вуҷуд дорад. Вале Созмони озуқаи СММ чунин мешуморад, ки дар натиҷаи ду соли фаровонии ғалла дар мамлакатҳои ҷаҳон ҳаҷми зарурии гандум захира карда шудааст. Вале агар хушксолӣ дар Русия тӯл каршад, дар масъалаи кишти тирамоҳи дар ин мамлакат баъзе душвориҳо ба миён меоянд. Аз рӯи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон моҳи июл нархи 1 килограмм орди гандуми навъи аввал дар бозорҳои мамлакат 1 сомонию 70 дирам ва имрӯз 2 сомонию 40 дирам мебошад.

Август 7, 2010 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад