ОЗМУНИ “ИДИ АСАЛ “ ДАР ШАҲРИ ВАХДАТ

Август 2, 2010 16:08

Ваҳдат,2 август.(АМИТ”Ховар”,Зебо Давлатова). — Дар боғи фарҳангӣ- истироҳатии марказии шахри Ваҳдат бо иштироки муовини аввали раиси шаҳр Қиёмуддин Абдуллоев ва муовини вазири  кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон Сиҷоуддин Исроилов озмуни  «Иди асал» гузаронида шуд. Тавре  дар баромадаш дар назди ҳозирин Қиёмуддин Абдуллоев иброз дошт, таҷрибаҳои илмию истеҳсолӣ ҷиҳати парвариши замбӯр нишон дод,ки замбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, тайи солҳои охир замбӯрпарварон натиҷаҳои назаррасро    ноил гаштанд.  Маълум гардид,ки оилаҳои замбӯр то  соли 2010 ба 12 ҳазор расидаанд,ки соле ба ҳисоби миёна аз онҳо  110-120 тонна асал гирифта мешавад.  Бояд қайд кард,ки дар озмуни баргузоргардида беҳтарин асалпарварони хоҷагиҳо иштирок намуданд. Ҷойи аввал насиби Аслиддин Алиев аз ҷамоати «Баҳор» гардид.Ҷойи дуюм ба асалпарвар  Убайдулло Шерматов  дода  шуд. Ҷойи сеюм ба Маҳмуд Сафаров аз ҷамоати Гулистон насиб гардид. Замбӯрпарварони шаҳри Ваҳдат айни замон 9260 оилаи замбӯрро парвариш намуда истодаанд. Қиёмуддин Абдуллоев афзуд,ки  озмуни ҷумҳуриявии «Иди асал» рӯзи 7 август дар «Боғи дӯстӣ»-и пойтахт баргузор мегардад. Асалпарварони шаҳри Ваҳдат низ дар ин озмун иштирок намуда,  беҳтарин дастовардҳои соҳаи асалпарвариро ба намоиш мегузоранд.         

Август 2, 2010 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд