ОЗМУНИ “ИДИ АСАЛ “ ДАР ШАҲРИ ВАХДАТ
Ваҳдат,2 август.(АМИТ”Ховар”,Зебо Давлатова). — Дар боғи фарҳангӣ- истироҳатии марказии шахри Ваҳдат бо иштироки муовини аввали раиси шаҳр Қиёмуддин Абдуллоев ва муовини вазири кишоварзии ҷумҳурии Тоҷикистон Сиҷоуддин Исроилов озмуни «Иди асал» гузаронида шуд. Тавре дар баромадаш дар назди ҳозирин Қиёмуддин Абдуллоев иброз дошт, таҷрибаҳои илмию истеҳсолӣ ҷиҳати парвариши замбӯр нишон дод,ки замбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, тайи солҳои охир замбӯрпарварон натиҷаҳои назаррасро ноил гаштанд. Маълум гардид,ки оилаҳои замбӯр то соли 2010 ба 12 ҳазор расидаанд,ки соле ба ҳисоби миёна аз онҳо 110-120 тонна асал гирифта мешавад. Бояд қайд кард,ки дар озмуни баргузоргардида беҳтарин асалпарварони хоҷагиҳо иштирок намуданд. Ҷойи аввал насиби Аслиддин Алиев аз ҷамоати «Баҳор» гардид.Ҷойи дуюм ба асалпарвар Убайдулло Шерматов дода шуд. Ҷойи сеюм ба Маҳмуд Сафаров аз ҷамоати Гулистон насиб гардид. Замбӯрпарварони шаҳри Ваҳдат айни замон 9260 оилаи замбӯрро парвариш намуда истодаанд. Қиёмуддин Абдуллоев афзуд,ки озмуни ҷумҳуриявии «Иди асал» рӯзи 7 август дар «Боғи дӯстӣ»-и пойтахт баргузор мегардад. Асалпарварони шаҳри Ваҳдат низ дар ин озмун иштирок намуда, беҳтарин дастовардҳои соҳаи асалпарвариро ба намоиш мегузоранд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






