ПАЗИРОИИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТАҲОИ ҲУНАРӢ

Август 19, 2010 09:51

Бадахшон, 19 август. (АМИТ « Ховар», Л Додо). -15-16  сол қабл театри  мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Хоруғ бар асари  муддати тӯлонӣ рӯи таъмирро   надидан валангор  гардид. Дар тӯли ин солҳо  ҳунармандони театр қариб дар ягон  деҳаи вилоят  консерт баргузор накарданд. Соли ҷорӣ ба ифтихори рӯзи Ваҳдат театр  таъмиру тармим гардида, мавриди истифода қарор гирифт ва сафарҳои ҳунарӣ  оғоз ёфтанд. Рӯзи 17-уми  август гурӯҳи ҳунарии   «Навои Бадахшон», ки  беҳтарин ҳунармандони Бадахшон, аз ҷумла  Ҳақназар Аловатов , Иқбол Аҳмад, Сафари Ғуломшоҳ, Гуландом Борониева, Фарзона Ҷоналишоеваро дар бар мегирад, ба сафари ҳунарӣ  баромада, дар ин муддат дар ҷамоатҳои  деҳоти  «Мирсаид Миршакар»,  Тусён ва Тавдеми  ноҳияи Роштқалъа  бо савту навои  дилошӯб  баромад  намуданд. Баъди чанд соли  аз фаъолият дур будан  мардум ҳунармандони  шинохтаро бо гулу  гулдастаҳо истиқбол намуданд.  Тавре роҳбари  бадеии даста  Асадбек Пӯлодов иттилоъ дод, ҳафтаи оянда  даста дар шаҳри  Хорӯғ ва баъдан дар  навоҳии Шӯғнон, Рӯшон ва Ванҷу Дарвоз  ҳунарнамоӣ мекунад.      

Август 19, 2010 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд