ПАЗИРОИИ ГАРМИ МАРДУМ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ДАСТАҲОИ ҲУНАРӢ
Бадахшон, 19 август. (АМИТ « Ховар», Л Додо). -15-16 сол қабл театри мусиқӣ- мазҳакавии шаҳри Хоруғ бар асари муддати тӯлонӣ рӯи таъмирро надидан валангор гардид. Дар тӯли ин солҳо ҳунармандони театр қариб дар ягон деҳаи вилоят консерт баргузор накарданд. Соли ҷорӣ ба ифтихори рӯзи Ваҳдат театр таъмиру тармим гардида, мавриди истифода қарор гирифт ва сафарҳои ҳунарӣ оғоз ёфтанд. Рӯзи 17-уми август гурӯҳи ҳунарии «Навои Бадахшон», ки беҳтарин ҳунармандони Бадахшон, аз ҷумла Ҳақназар Аловатов , Иқбол Аҳмад, Сафари Ғуломшоҳ, Гуландом Борониева, Фарзона Ҷоналишоеваро дар бар мегирад, ба сафари ҳунарӣ баромада, дар ин муддат дар ҷамоатҳои деҳоти «Мирсаид Миршакар», Тусён ва Тавдеми ноҳияи Роштқалъа бо савту навои дилошӯб баромад намуданд. Баъди чанд соли аз фаъолият дур будан мардум ҳунармандони шинохтаро бо гулу гулдастаҳо истиқбол намуданд. Тавре роҳбари бадеии даста Асадбек Пӯлодов иттилоъ дод, ҳафтаи оянда даста дар шаҳри Хорӯғ ва баъдан дар навоҳии Шӯғнон, Рӯшон ва Ванҷу Дарвоз ҳунарнамоӣ мекунад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






