РАФТИ КИШТИ ТАКРОРӢ

Август 18, 2010 14:29

Душанбе, 18 август.(АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тибқи иттилои Раёсати растанипарварии вазорати кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ нақшаи кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ 175 ҳазор гектар буда, айни ҳол дар майдони 167176 (95,5%) гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Ғалладонагиҳо ҳамагӣ дар майдони 63723 гектар аз он ҷумла дар майдони 29251 гектар ҷуворимакка барои дон, 10548 гектар шолӣ ва 23924 гектар дигар ғаллагиҳо, 1614 гектар картошка, 18534 гектар сабзавот, 4358 гектар полезӣ, 3372 гектар зироатҳои техникӣ ва 75575 гектар хӯроки чорво кишт шудаанд. Дар вилояти Хатлон нақшаи кишти такрорӣ 98 ҳазор гектар буда, то имрўз дар майдони 91202 (93,1%) гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4682 гектар зиёд аст.  Дар НТҶ бошад нақшаи кишти такрорӣ  25700 га буда, айни замон дар майдони 25837 га такроран зироат кишт шудааст. Ғалладонагиҳо ҳамагӣ дар майдони 12240, га аз он ҷумла 5142 га ҷуворимакка барои дон, 3333 га шолӣ ва 3765 га дигар ғаллагиҳо, 540 га картошка, 4157 га сабзавот, 302  га полезӣ, 1525 га зироатҳои техникӣ ва 7073 га хӯроки чорво кишт шудаанд.    

Август 18, 2010 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад