РАИСИ ВИЛОЯТ БА ПРЕЗИДЕНТ БАРҚИЯ ИРСОЛ НАМУД

Август 6, 2010 15:47

Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барқияи сипос ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Аз ҷониби кумитаи ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳанги умумибашарӣ дохил шудани ёдгории шашҳазорсолаи аҳди қадимаи кишоварзии шаҳраки Саразми Панҷакент мардуми Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғдро шоду масрур ва сарбаланд гардонид». Раиси вилоят ҳамчунин саҳм ва хизматҳои шоистаи Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мақому манзалати хосса пайдо намудани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва «ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвар, махсусан шаҳраки қадимаи Саразми Панҷакент ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо»-ро махсусан таъкид доштааст. Дар барқияи сипоси Қоҳир Расулзода зикр мешавад, ки: «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҳифзу ободонии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла шаҳраки бостонии Саразм ва ҷиҳати ба ояндагон мерос гузоштани ин ганҷинаҳои бебаҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад». Мавриди ёдоварист, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ дар Иҷлосияи 34-уми кумитаи мероси фарҳангии муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО ёдгории таърихии Саразм ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда шуд.  Ин ёдгории бостонӣ ва беҳамтои Тоҷикистон дар ғарби шаҳри Панҷакент ҷойгир аст.

Август 6, 2010 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд