РАИСИ ВИЛОЯТ БА ПРЕЗИДЕНТ БАРҚИЯ ИРСОЛ НАМУД
Душанбе, 6 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барқияи сипос ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Аз ҷониби кумитаи ЮНЕСКО ба рӯйхати мероси фарҳанги умумибашарӣ дохил шудани ёдгории шашҳазорсолаи аҳди қадимаи кишоварзии шаҳраки Саразми Панҷакент мардуми Тоҷикистон, бахусус вилояти Суғдро шоду масрур ва сарбаланд гардонид». Раиси вилоят ҳамчунин саҳм ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар мақому манзалати хосса пайдо намудани Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ва «ҷиҳати ҳифзу ободонии ёдгориҳои бостоншиносии кишвар, махсусан шаҳраки қадимаи Саразми Панҷакент ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани онҳо»-ро махсусан таъкид доштааст. Дар барқияи сипоси Қоҳир Расулзода зикр мешавад, ки: «Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои ҳифзу ободонии ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз ҷумла шаҳраки бостонии Саразм ва ҷиҳати ба ояндагон мерос гузоштани ин ганҷинаҳои бебаҳо тадбирҳои зарурӣ меандешад». Мавриди ёдоварист, ки оғози ҳафтаи ҷорӣ дар Иҷлосияи 34-уми кумитаи мероси фарҳангии муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО ёдгории таърихии Саразм ба феҳристи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ворид карда шуд. Ин ёдгории бостонӣ ва беҳамтои Тоҷикистон дар ғарби шаҳри Панҷакент ҷойгир аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






