РУССИЯ ХИЗМАТҲОИ Қ. РАСУЛЗОДАРО ҚАДРДОНӢ КАРД

Август 3, 2010 09:49

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). -Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо медали ҷашнии «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»-и Федратсияи Руссия сарфароз гардонида шуд. 2 августи соли ҷорӣ медали мазкурро аз номи Президенти Федератсияи Руссия Дмитрий Медведев консули генералии ин кишвар дар шаҳри Хуҷанд Азим Ярахмедов супорид. А. Ярахмедов тазаккур дод, ки медали ҷашнии «65-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» барои хизматҳои шоистаи Қоҳир Расулзода дар беҳтар намудани вазъи иҷтимоии маъюбону иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дар сатҳи баланд баргузор кардани ҷашни  65-солагии Рӯзи Ғалаба дар ҶБВ қадршиносӣ мешавад. Воқеан Ҳукумати Тоҷикистон баҳри дастгирии иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ ғамхориҳои рӯзафзун менамояд. Аз ҷумла, соли равон бахшида ба 65-солагии Иди Ғалаба дар ҶБВ аз ҷониби Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ  600 сомонӣ кӯмаки яквақта тақдим гардид. Дар баробари ин, бахшида ба ин санаи таърихӣ теъдоди зиёди иштирокчиёни ҶБВ бо медалҳои ҷашнӣ ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуда буданд. Мавриди ёдоварист, ки имрӯз дар қаламрави вилояти Суғд беш аз 1200 нафар собиқадорону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагонӣ мекунанд.

Август 3, 2010 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд