СӮҲБАТИ САФИРИ НАВИ ЧИН БО ХАБАРНИГОРОН

Август 13, 2010 12:04

Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров).- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 13 августи соли 2010 эътиборномаи Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжунро қабул кард. Сафири нави Чин баъди анҷоми мулоқоташ бо Президент зимни сӯҳбати мухтасар ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб дод. Вай зикр намуд, ки мулоқоташ бо сардори давлати Тоҷикистон дар вазъияти дустонаю самимона гузашт ва мароқовару пурмӯҳтаво буд. Қайд карда шуд, ки муносибатҳои Чин ва Тоҷикистон заминаи мустаҳкам доранд. Ба ин аз бисёр ҷиҳат муносибатҳои дустонаю самимонаи сарони ҳар ду давлати ҳамсоя Эмомалӣ Раҳмон ва Ху Сзинтао мусоидат менамояд. Муносибатҳои самимонаи сарони ҳар ду мамлакат кафолати сиёсии рушди муттасили ҳамкории ҳар ду мамлакат мебошад, гуфт сафир. Қайд карда шуд, ки Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои гуногуни иқтисоду сиёсат ва тиҷорат, инчунин мубориза ба муқобили терроризм, ифротгароӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии маводи нашъадор чи дар асосҳои дуҷониба ва чи дар доираи созмонҳои байналхалқию минтақавӣ самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Сафир афзуд, ки муносибатҳои доманадори Чин ва Тоҷикистон дар оянда боз ҳам бештар равнақу ривоҷ хоҳанд ёфт. Фан Сянжун дар хотима изҳор намуд, ки барои боз ҳам бештар ривоҷ ёфтани муносибатҳои Тоҷикистону Чин тамоми таҷриба ва дониши худро истифода мебарад.

Август 13, 2010 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад