САФИРИ НАВИ ҲИНДУСТОН ДАР ТОҶИКИСТОН
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). –12 августи соли ҷорӣ Вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумхурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситха Кумар Бхаттачарҷаро ба ҳузур пазируфт. Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумхурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аситха Кумар Бхаттачарҷи нусхаи эътиборномаи худро ба вазир супорид. Пас аз маросими супоридани эътиборнома сӯҳбат баргузор гардид, ки дар он роҳҳои инкишофи муносибатҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш баррасӣ гардид. Дар рафти сӯҳбат ҳамчунин зарурияти таҳкими муносибатҳои ҳар ду ҷониб таъкид гардид.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






