САРАЗМ БА ФЕҲРИСТИ МЕРОСИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОНӢ ШОМИЛ КАРДА ШУД

Август 2, 2010 09:41

Душанбе, 2 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Дар иҷлосияи 34 Кумитаи байналмилалии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО, ки имрӯзҳо   дар пойтахти Бразилия идома дорад, ёдгории таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саразм ба феҳристи мероси фарҳанги ҷаҳонӣ дохил карда шуд. Бояд зикр кард, ки ёдгории таърихии Саразм дар шимоли Тоҷикистон,  дар ноҳияи Панҷакент воқеъ буда, таърихи 5 ҳазорсола дорад. Ин ёдгории беназири таърихӣ ба хотири арзиши бебаҳои фарҳангӣ доштанаш ба рӯйхати мероси фарҳанги ҷаҳонии  ЮНЕСКО ворид карда шудааст. Дар назар аст, Боғи миллии Тоҷикистон, ки кӯҳҳои Помирро дар бар мегирад, низ ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО шомил карда хоҳад шуд.                                                                                                                                                        

Август 2, 2010 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд