САВГАНДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОЗАИНТИХОБИ ПОЛША

Август 6, 2010 17:25

Душанбе, 6 август.(АМИТ « Ховар»).- 6-уми августи соли 2010 Президенти тозаинтихоби Полша Бронислав Коморовский савганд ёд кард ва расман дар вазифаи Сардори давлат ба кор шурӯъ намуд. Тибқи иттилои Комиссияи давлатии интихоботии Полша 4 июл дар рафти даври дуюми интихоботи президентӣ барои Бронислав Коморовский 53,01 %-ва барои раиси ҳизби «Ҳақиқат ва адолат» Ярослав Качинский 46,99 %-и интихобкунандагон овоз доданд. Мувофиқи маълумоти Комиссияи давлатии интихоботии Полша барои Коморовский 8 миллиону 933 ҳазору 887 интихобкунанда, барои Качинский 7 миллиону 919 ҳазору 134 интихобкунанда овоз доданд. Дар интихобот 55,31 %-и интихобкунандагон ширкат варзиданд. Ёдовар  мешавем, ки пас аз вафоти Президенти собиқ Лех Качинский мутобиқ ба Сарқонуни давлат ӯҳдадориҳои сардори давлат якбора ба зиммаи сарвари Палатаи поёнии парлумон Коморовский гузашт ва ӯ интихоботи пеш аз мӯҳлатро ба таърихи 20 июн таъин намуд.  

Август 6, 2010 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд