САВГАНДИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОЗАИНТИХОБИ ПОЛША
Душанбе, 6 август.(АМИТ « Ховар»).- 6-уми августи соли 2010 Президенти тозаинтихоби Полша Бронислав Коморовский савганд ёд кард ва расман дар вазифаи Сардори давлат ба кор шурӯъ намуд. Тибқи иттилои Комиссияи давлатии интихоботии Полша 4 июл дар рафти даври дуюми интихоботи президентӣ барои Бронислав Коморовский 53,01 %-ва барои раиси ҳизби «Ҳақиқат ва адолат» Ярослав Качинский 46,99 %-и интихобкунандагон овоз доданд. Мувофиқи маълумоти Комиссияи давлатии интихоботии Полша барои Коморовский 8 миллиону 933 ҳазору 887 интихобкунанда, барои Качинский 7 миллиону 919 ҳазору 134 интихобкунанда овоз доданд. Дар интихобот 55,31 %-и интихобкунандагон ширкат варзиданд. Ёдовар мешавем, ки пас аз вафоти Президенти собиқ Лех Качинский мутобиқ ба Сарқонуни давлат ӯҳдадориҳои сардори давлат якбора ба зиммаи сарвари Палатаи поёнии парлумон Коморовский гузашт ва ӯ интихоботи пеш аз мӯҳлатро ба таърихи 20 июн таъин намуд.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






