ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ МАКТАББАЧАГОНИ КӮЛОБ
Кӯлоб, 30 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб 594 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 534 мактаби таҳсилоти умумӣ, 14 литсею гимназия, 10 интернат, 21 маркази таҳсилоти иловагӣ ва 8 омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ фаъолият дошта, ба соли нави таҳсил омодагӣ мебинанд. Тибқи иттилои мудири раёсати маорифи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб Эмомалӣ Сайдамиров тамоми муассисаҳои таълимӣ таъмиру тармим гардида, то оғози соли хониш ҳамаи синфхонаҳо бо лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида мешаванд. Эмомалӣ Сайдамиров, ҳамчунин иброз дошт, ки то ба итмом расидани бинои мактаб хонандагони аз офати табиӣ зарардида дар мактабҳои таҳсилоти умумии № 27 ва № 30- и шаҳр таҳсилро идома медиҳанд, ки дар онҳо тамоми шароитҳои лозимӣ фароҳам оварда шудаанд. Ёдовар мешавем, ки бо пешниҳоди сарвари давлат, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи навбунёди Ваҳдат барои 1200 ҷойи нишаст сохтмони бинои мактаби нав оғоз гардид, ки мувофиқи нақша сохтмони он то соли 2012 ба итмом мерасад.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






