ШАРОИТИ МУСОИД БАРОИ МАКТАББАЧАГОНИ КӮЛОБ

Август 30, 2010 14:47

Кӯлоб, 30 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Дар  шаҳру  навоҳии  минтақаи Кӯлоб   594   муассисаи  таълимӣ,  аз   ҷумла  534  мактаби  таҳсилоти  умумӣ, 14  литсею  гимназия, 10 интернат, 21  маркази    таҳсилоти  иловагӣ  ва  8  омӯзишгоҳи  касбӣ-техникӣ  фаъолият  дошта,  ба соли нави  таҳсил омодагӣ   мебинанд.  Тибқи  иттилои  мудири  раёсати  маорифи  вилояти  Хатлон  дар минтақаи  Кӯлоб  Эмомалӣ  Сайдамиров тамоми муассисаҳои  таълимӣ  таъмиру тармим гардида,  то  оғози  соли  хониш ҳамаи  синфхонаҳо бо  лавозимоти  хониш   муҷаҳҳаз  гардонида  мешаванд. Эмомалӣ   Сайдамиров,  ҳамчунин   иброз  дошт, ки  то  ба  итмом  расидани    бинои  мактаб  хонандагони  аз  офати  табиӣ  зарардида   дар  мактабҳои  таҳсилоти  умумии  № 27  ва  № 30-  и  шаҳр   таҳсилро  идома медиҳанд, ки  дар онҳо тамоми шароитҳои  лозимӣ  фароҳам  оварда  шудаанд. Ёдовар мешавем, ки бо  пешниҳоди  сарвари  давлат,  Ҷаноби  олӣ  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  маҳаллаи  навбунёди  Ваҳдат   барои    1200  ҷойи  нишаст     сохтмони   бинои   мактаби  нав   оғоз  гардид, ки  мувофиқи  нақша   сохтмони  он  то  соли  2012  ба итмом  мерасад.

Август 30, 2010 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад