СИТОРАИ САНЪАТИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТ
Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар»,Мавҷуда Анварӣ). – Баъди зӯҳри рӯзи 3-юми август ситораи дурахшони санъати тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Зафар Нозимов пас аз бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт. Зафар Нозимов 2 июни соли 1942 дар ноҳияи Ғарм таваллуд шудаву таълими ибтидоиро дар ҳамин ҷо гирифта, сипас барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе меояд. Дар ҳамин шаҳр фаъолияти эҷодиашро оғоз намуда, соҳиби шӯҳрат гардид. Устод Зафар Нозимов давомдиҳандаи мактаби мусиқии Акашариф Ҷӯраев буда, сурудҳои пурмазмуну пурмаъниаш ӯро маҳбуби ҳамагон гардонидааст. Ҳамзамон, ӯ тайи солҳои фаъолияти эҷодиаш як қатор сурудҳои баландмазмуну хотирмон, аз қабили «Эй сорбон, оҳиста рон», «Модар», «Бигзор, то бигирям» ва даҳҳо суруди дигар аз ашъори шоирони классик дар саҳнаи тоҷик сурудааст. Хизматҳои ў соли 2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Ситораи Президенти ҶТ» дараҷаи сеюм қадр гардидааст. Ҷанозаи устод Зафар Нозимов пагоҳ, 4 август дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ёдатон ба хайр, шаҳсутуни санъати тоҷик.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






