СИТОРАИ САНЪАТИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТ

Август 3, 2010 16:22

Душанбе, 3 август. (АМИТ «Ховар»,Мавҷуда Анварӣ). – Баъди зӯҳри рӯзи 3-юми август ситораи дурахшони санъати тоҷик, Ҳунарманди мардумии  Тоҷикистон Зафар Нозимов  пас аз бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт.                 Зафар Нозимов  2  июни соли 1942 дар ноҳияи Ғарм таваллуд шудаву таълими ибтидоиро дар ҳамин ҷо гирифта, сипас барои идомаи таҳсил ба шаҳри Душанбе меояд. Дар ҳамин шаҳр фаъолияти эҷодиашро оғоз намуда, соҳиби шӯҳрат гардид.   Устод Зафар Нозимов давомдиҳандаи мактаби мусиқии Акашариф Ҷӯраев буда, сурудҳои пурмазмуну пурмаъниаш ӯро маҳбуби ҳамагон гардонидааст. Ҳамзамон, ӯ тайи солҳои фаъолияти эҷодиаш як қатор сурудҳои баландмазмуну хотирмон, аз қабили «Эй сорбон, оҳиста рон», «Модар», «Бигзор, то бигирям» ва даҳҳо суруди дигар аз ашъори шоирони классик дар саҳнаи тоҷик сурудааст. Хизматҳои ў соли   2009 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордени «Ситораи Президенти ҶТ» дараҷаи сеюм қадр гардидааст. Ҷанозаи устод Зафар Нозимов пагоҳ,  4 август дар пойтахти ҷумҳурӣ-шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ёдатон ба хайр, шаҳсутуни санъати тоҷик.                  

Август 3, 2010 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад