СОЗИШНОМАИ БЕЗАРАРГАРДОНДАНИ МИНАҲО БА ИМЗО РАСИД
Душанбе, 7 август.(АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — 6 августи соли 2010, маросими имзои Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони «Кӯмаки мардуми Норвегия» доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии минаҳо баргузор гардид, Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ онро муовини аввали Сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов ва аз ҷониби Созмони «Кӯмаки мардуми Норвегия» мудири бахши тоҷикистонии ташкилоти мазкур Ҷонас Закриссон имзо намуданд. Созмони «Кӯмаки мардуми Норвегия» дуюмин ташкилоти хориҷие мебошад, ки барои иштирок дар масъалаи безарарсозии минаҳо дар Тоҷикистон ширкат меварзад. Тавре ки маълум аст аз соли 2003 инҷониб, ташктлоти Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо дар амалиёти безарарсозии минаҳо фаъолият дорад ва ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Ташкилоти мазкур бо мақсади тезонидани суръати безарарсозии минаҳо ба иҷрои барнома ҷалб карда шуд, ки ҳадафи асосии он – аз хатари минаҳо озод намудани Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Шоҳигарии Норвегия аллакай ба ташкилоти мазкур барои анҷоми фаъолиятҳои безарарсозии минаҳо дар Точикистон барои соли 2010 як миллиону, 60 ҳазор доллари амрикои ҷудо намуд.








Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






