СОЗИШНОМАИ БЕЗАРАРГАРДОНДАНИ МИНАҲО БА ИМЗО РАСИД

Август 7, 2010 10:48

Душанбе, 7 август.(АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — 6 августи соли 2010, маросими имзои Созишномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони «Кӯмаки мардуми Норвегия» доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи безарарсозии минаҳо баргузор гардид, Аз ҷониби Ҳукумати ҶТ онро муовини аввали Сарвазири ҶТ Асадулло Ғуломов ва аз ҷониби Созмони «Кӯмаки мардуми Норвегия» мудири бахши тоҷикистонии ташкилоти мазкур Ҷонас Закриссон имзо намуданд. Созмони «Кӯмаки мардуми Норвегия» дуюмин ташкилоти хориҷие мебошад, ки барои иштирок дар масъалаи безарарсозии минаҳо дар Тоҷикистон ширкат меварзад. Тавре ки маълум аст аз соли 2003 инҷониб, ташктлоти Фонди Швейтсария оид ба безараргардонии минаҳо дар амалиёти безарарсозии минаҳо фаъолият дорад ва ба комёбиҳои  назаррас ноил гардидааст. Ташкилоти мазкур бо мақсади тезонидани суръати безарарсозии минаҳо ба иҷрои барнома ҷалб карда шуд, ки ҳадафи асосии он – аз хатари минаҳо озод намудани Тоҷикистон мебошад. Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Шоҳигарии Норвегия аллакай ба ташкилоти мазкур барои анҷоми фаъолиятҳои безарарсозии минаҳо дар Точикистон барои соли 2010 як миллиону, 60 ҳазор доллари амрикои ҷудо намуд.

Август 7, 2010 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад