ТАНЗИМИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲҲО
Бадахшон, 10 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Тавре танзимгари Иттиҳодияи истеҳсолии «Бадахшонроҳ» Аҳмадшоҳ Ҳайдаршоев иттилоъ дод,ҳаштуми моҳи август бар асари обхезии рӯдхонаи Панҷ дар мавзеъҳои Шкев-Зиғару Ҷорфи ноҳияи Дарвоз,Шпади ноҳияи Рӯшон роҳи мошингарди Душанбе-Хорӯғ баста шуд. Инчунин, дар роҳи Хорӯғ-Ишкошим дар мавзеъҳои Ниводаки шаҳри Хорӯғу мавзеи Ғожаки ноҳияи Шуғнон роҳро об зер карда, ин ҷо низ роҳ маҳкам гаштааст.Кулли техникаи идороти роҳсозии навоҳии Дарвоз,Рӯшон,Ишкошим қувваашонро ба он равона кардаанд,ки ҳарчи тезтар роҳро тоза намуда,ҳаракати нақлиётро ба танзим дароранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






