ТАШКИЛИ ЯРМАРКАҲО ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ). –«Ман чанд рўз пеш ба роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориши қатъӣ додам, ки дар моҳи шарифи Рамазон ҳар рўзи шанбею якшанбе дар маркази шаҳру ноҳияҳои кишвар фурўши маҳсулоти ғизоиро ҳарчи бештар ташкил намоянд ва ба ин васила барои беҳтар намудани зиндагии мардум дар ин моҳи муборак саҳмгузор бошанд. Рамазон мактаби ҳимматбаландиву саховатмандӣ низ мебошад. Ин хислати наҷиб дар натиҷаи риояи яке аз шартҳои рўзадорӣ, ки анҷом додани кори хайр аст, устувор мегардад. Рўзҳои моҳи Рамазон шахси рўзадорро барои анҷом додани амалҳои хайр ба хотири ризои Худованд ҳидоят менамоянд. Шахсе, ки дар моҳи мубораки Рамазон барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро анҷом медиҳад, монанди касест, ки ҳафтод амали фарзиро дар ғайри ин моҳ анҷом додаст». Ёдовар мешавем, ки сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ин нуктаро дар Табрикоти хеш ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон таъкид намуда буд. Дар робита ба ин тамоми мақомоти марбутаи ҷумҳурӣ вазифадор гаштаанд, ки дар тамоми бозорҳои пойтахт ярмарка ташкил намуда, маҳсулоти кишоварзиро бо нархҳои арзон пешкаши сокинон гардонанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






